«Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» — таҳти ин унвон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҳамоиш доир гардид. Он дар ҳамрайисии Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ва Хуршед Ахмедов, муовини Ҳокими вилояти Фарғона сурат гирифт, хабар медиҳад Хадамоти матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиш зикр шуд, ки Ӯзбекистон аз лиҳози ташрифи сайёҳон ба даҳгонаи кишварҳое шомил мешавад, ки сайёҳонаш бештар ба Тоҷикистон меоянд. Дар заминаи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд, гурӯҳи зиёди сайёҳони Тоҷикистон ба Узбекистон ва аз Узбекистон ба Тоҷикистон ташриф меоранд.
“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зимни ташриф ба Тоҷикистон сайёҳони Узбекистон ба намудҳои сайёҳии табобатӣ-солимгардонӣ, экологӣ ва сайёҳии зиёратӣ бештар майлу рағбат доранд. Ҳоло ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ шуда истодаанд”,- гуфта шуд дар конфронс.
Дар давоми чорабинӣ ҷонибҳо тариқи рӯнамо оид ба зарфияти сайёҳии ҳарду кишвар маълумот доданд. Изҳори умед карда шуд, ки истифодаи таҷриба ва донишҳои пешқадам дар соҳаи сайёҳии Узбекистон ва Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи ҳамкории башардӯстона ҷиҳати таҳкими робитаҳои муштараки сайёҳию фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидати ҳамаҷониба менамояд.
Дар ҷараёни ҳамоиш бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.