
Имрӯз ҳайати сайёҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии Камолиддин Муминзод, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ”-и шаҳри Ҳисор сафар карданд. Дар ин бора Мирсаид Сатториён ва Мадина Мениқулова, мухбирони радиои “Овози тоҷик”, ки онҳоро ҳамроҳӣ доранд, иттилоъ доданд.
Ба зикри мухбирон, меҳмононро дар даромадгоҳи осоишгоҳ роҳбарият ва кормандони он истиқбол гирифтанд.
Сипас, онҳо бо шароити табобатию истироҳатии осоишгоҳ шинос шуда, дар намоишгоҳи дастовард ва имкониятҳои он иштирок карданд.
Аксари иштирокчиёни ҳайат аз табиат ва имкониятҳои сайёҳии осоишгоҳ ба ваҷд омада, таъкид карданд, ки бо аввалин фурсат ба ин ҷо барои табобат меоянд ва ин маконро ба дӯстонашон ҳам тавсия медиҳанд.
Аз ҷониби роҳбарияти осоишгоҳ ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.