Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ оид ба натиҷагирӣ аз намоиши байналмилалии «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» ҷараён дорад. Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Вазорати корҳои хориҷӣ, Академияи миллии илмҳо, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи адабии Мирзо Турсунзода, Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ ва намояндагони ВАО-и кишвар иштирок доранд. Дар ин бора Дилнозаи Абдумалик, мухбири радиои «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Зимни сухани ифтитоҳӣ директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки «Точикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» яке аз намоишҳои ёдгориҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар буда, дар самти муаррифии таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати тоҷикон ҳамчун бузургтарин ва нодиртарин намоиш шинохта шудааст. Саҳми намоиши мазкур дар инъикоси таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон дар арсаи ҷаҳонӣ басо муҳим ва назаррас аст.
Дар ҳамоиш суханронии вазорату идораҳои дахлдор низ дар назар аст.