Имрӯз, 12 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд.
Тавре ки хабарнигорони радиои «Овози тоҷик» Даврони Аҳмадзод ва Зуҳуриддин Умаров аз ҷараёни чорабинӣ хабар доданд, барномаи фарҳангӣ ба 30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бахшида шудааст. Ташаббускори он Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бино ба иттилои мухбирон, қабл аз оғози чорабинӣ дар даромадгоҳи бино намоишгоҳ ташкил гардидааст, ки аз ҷониби меҳмонон ва иштирокчиён хуш пазируфта шуд.
Ин гуша мувофиқи расму русуми миллӣ тарҳрезӣ шуда, бо аксу тасвирҳои манотиқи сайёҳии кишвар, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сӯзанӣ, намунаҳои либосҳои миллӣ ороиш ёфтааст.
Пасон, аз ҷониби ҳунармандони бо маҳорати ин ду кишвари ба ҳам дӯст барномаи рангини ҳунарӣ манзур гардонида шуд.
Интизор меравад, ки пас аз анҷоми чорабинӣ, Форуми Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир гардад.