16-уми ноябри соли 2022 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ, намояндагони ВАО, доираҳои расмӣ ва кории кишвари иқомат чорабинии идона ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати окрҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикисон хабар медиҳад.
Дар чорабинӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият, имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии кишвар муаррифӣ гардида, он бо барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони кишвари иқомат анҷом ёфт.