Қосим-Ҷомарт Тоқаев Президенти Қазоқистон зимни суханронияш дар ифтитоҳи нишасти VI Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз иштирокдорони Саммити VI Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё миннатдории самимӣ баён намуд.
“Имсол аз рузи ба миён гузошта шудани ташаббуси даъват намудани ин мачлиси машваратй 30 сол пур мешавад. Дар ин муддат ин мулоқот ба як минбари ҳамкориҳои бисёрҷониба ва Институти байналмилалии дипломатияи муосир табдил ёфт”, — илова намуд Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон зимни ифтитоҳи чорабинӣ.
Номбурда қайд кард, ки соли 1999 ҳайати шӯро аз 15 давлат иборат буд, ҳоло ба 27 давлат расидааст, ки ин воқеан аз он шаҳодат медиҳад, ки нуфузи форум дар назди кишварҳои Осиё ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ меафзояд. Мо хеле хушнудем, ки Кувайт ба аъзогии Машварат шуда, ба сафи мо пайваст.
12 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзид. Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масоили омодагиро ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ (14 октябри соли 2022) баррасӣ намуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.