
Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон идома дорад. Ҳайати ҷавонон бо вазири корҳои хориҷии ин кишвар Субраманиям Ҷайшанкар мулоқот намуданд. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Тахмина Амонова, ки яке аз иштирокчии ин форум аст, хабар медиҳад.
Ба иттилои номбурда, намояндагон зимни вохӯрӣ аз талошҳои Ҳукумати Ҳиндустон дар мусоидат ба чунин чорабиниҳо барои ҷавонон кишварҳои Осиё, бахусус Осиёи Марказӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Зикр доштанд, ки ин гуна форумҳо метавонанд барои густариши бештари ҳамкорӣ, омӯзиш, таҷриба ва табодули байнифарҳангӣ байни ҷавонони Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ 19 ноябри соли равон оғоз гардида, дар он ҳайати ҷавонони 4 давлатТоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок доранд.
Дар ҷараёни форум иштирокчиён аз Осорхонаи миллӣ, мавзеъҳои сайёҳиву таърихӣ ва ҷойҳои тамошобоби ин кишвар дидан намуданд.