Чанд лаҳза қабл таҳти унвони «Мавлоно муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддунҳо» бахшида ба 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандони ватаниву хориҷӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор мешавад. Дар ин бора Зулфия Раҳимзода ва Нушофарин Олимова, мухбирони радиои “Овози тоҷик” иттилоъ доданд.
Ба зикри онҳо дар ин нишаст Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лайло Тоҷир мустақим ва Лайлӣ Додхудоева, Софя Виноградова (Русия) Амир Ҳусейн Зекргу, профессори Донишгоҳи Мелбурни Австралия Ҳасан Булхории Куҳӣ, устоди Донишгоҳи Теҳрон (онлайн), раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон ва донишмандони тоҷик — профессор Ҷумахон Файзализода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Аламхон Кӯчарзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Лариса Додхудоева, доктори илмҳои таърих, Хуршедҷон Зиёӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, Саидолим Комилҷон Саидмирзо, номзади илмҳои филологӣ ва дигарон ширкат ва суханронӣ карда истодаанд.
Чорабиниро директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба Мавлоно, шинохти он дар адабиёти ҷаҳон ва густариши Мавлоношиносӣ дар ақсои олам суханронӣ намуда, осори ӯро омӯзанда ва фарогири пандуахлоқ унвон дод.
Аз идора: Аз ҷараёни ҳамоиши байналмилалӣ давоми рӯз иттилои муфассал пешниҳод мешавад.