Бо ташаббуси шӯъбаи нигоҳдории депозитарии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастҳои иҷроияи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи “ Вазъият ва дурнамои бахши китобҳои нодири китобхонаҳо ва ҷаҳони муосири иттилоотӣ” доир гардид. Дар он олимон, коршиносон ва намояндагон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо иштирок намуданд. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Дилнозаи Абдумалик хабар дод.
Чорабиниро Файзализода Ҷумъахон Хол, директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, доир ба мафҳуми китоб ва нақши он дар фарҳанги мардуми тоҷик суханронӣ намуд.
Дар идома аз ҷониби дигар иштирокчиён дар мавзӯъҳои “Китоби нодир дар ҷаҳони муосир: интихоб, нигоҳдорӣ ва истифодаи он” маърӯзаҳо шунида шуданд.