Дар доираи 37-умин ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм имрӯз дар дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси”-и пойтахт Форуми парлумонии кишварҳои аъзо баргузор шуд. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Мутабар Носирова хабар медиҳад.
Дар кори он намояндагон ва коршиносони 9 кишвари аъзо, аз ҷумла Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Қирғизистон, Узбекистон, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Белорусия ва Туркманистон, инчунин созмону ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар форум масъалаҳои муҳими қонунгузории вобаста ба қонунигардонии бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр шуд, ки форуми мазкур бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон анҷом мешавад. Баргузории он минбаъд низ дар ҳар як кишвари аъзои Гуруҳи Авруосиё анҷом хоҳад шуд.
Дар идома аз ҷониби иштирокчиён ҷиҳати муқовимат бо масъалаи мазкур фикру андешаҳои судманд ироа намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҷаласаи 37-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё рӯзҳои 24-25 ноябр доир мегардад.
Ҷаласаи мазкур ҳамасола дар кишварҳои аъзои Гурӯҳи Авросиё доир шуда, коршиносон кӯшиш доранд, ки пеши роҳи даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва амсоли ин гуна ҷиноятҳо гиранд.