Дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 ноябри соли равон дар назди Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон коргоҳи маводи ҷолинусӣ (галеникӣ) кушода шуд.
Бино ба иттилои Маркази матбуотии ДМТ, дар ифтитоҳи коргоҳи мазкур муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён, намояндагону роҳбарони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазорати маориф ва илм, вазорати рушди иқтисод ва савдо, АМИТ инчунин, сохторҳои марбутаи кишвар иштирок наумданд.
Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои илмӣ-истеҳсолии донишгоҳ ва сохторҳои ҳамкори он боздид намуда, сипас ба фаъолияти Озмоишгоҳи нанотехнологияи Институти илмию таҳқиқотии назди Донишгоҳи миллӣ шинос шуданд.
Зимнан таъкид шуд, ки дар озмоишгоҳ имконияти гузаронидани таҳлил ва ташхиси мавод: маъданҳои кӯҳӣ, об, ашёи минералӣ, маҳсулоти саноати металлургӣ, фарматсевтӣ ва хоҷагии қишлоқ мавҷуд мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин озмоишгоҳ барои муайян намудани таркиби маводҳои зикргардида аз усулҳои атомӣ-эмиссионии спектралӣ, атомӣ-абсорбсионӣ, потенсиометрӣ, волтамперометрӣ, фотометрияи маҳлулҳо, фотометрияи алангавӣ, спектрометрияи инфросурх ва ултробунафш ва аз усулҳои химиявӣ истифода бурда мешавад.
Зимни ифтитоҳи коргоҳ иттилоъ дода шуд, ки Коргоҳи маводи ҷолинусӣ коргоҳи истеҳсоли химиявӣ-фарматсевтие мебошад, ки дар он аз манбаҳои табиӣ (растанигӣ, маъданӣ, мавҷудотӣ ва ғ.) моддаҳои фаъоли биологӣ, ғизоӣ ва доруворӣ ба даст оварда мешавад. Маҳсулоти нимтайёри ба даст овардашуда дар натиҷаи коркарди минбаъда ва стандартонӣ то ба маҳсулоти тайёри доругӣ ва ё ғизоӣ расонида мешавад.
Дар ин коргоҳ шаклҳои доруворӣ: маҳлулу луобиҳо, шаробу экстрактҳо, сиробу мушкобаҳо, моддаҳои инфиродӣ ва дигар маҳсулоти табиӣ ба даст оварда мешаванд, ки дар бозори истеъмолӣ ҳамчун маҳсулоти баромадашон табиӣ (масалан, настойкаҳои бояришник, валериана, пустирник, пиона, родиола, прополис ва диг.) арзиш ва талаботи зиёд доранд.
Бояд таъкид намуд, ки бори нахуст дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар ҷумҳурӣ дар асоси натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони варзидаи Институти илмию таҳқиқотӣ ва дар заминаи Парки технологии донишгоҳ коргоҳи ҷолинусӣ (галеникӣ) таъсис дода мешавад. Коргоҳи мазкур бевосита бо ташаббус ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст.