24 ноябри соли равон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Шоҳигарии Нидерландия ва Дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ дар Анқара брифинг дар мавзӯи Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро дар бинои Намояндагии СММ дар Туркия баргузор намуд.
Тавре радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад, дар маросими кушодашавии он Сафири Тоҷикистон Ашрафҷон Гулов, Сафири Нидерландия Ҷоеп Винандс, Ҳамоҳангсози доимии СММ Алваро Родригес, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу ва Сафир Айше Беррис Экинҷи иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромади худ А.Гулов доир ба Конфронси оби СММ дар соли 2023, ки дар шаҳри Ню-Йорк 22-24 марти соли 2023 баргузор мегардад, маълумоти мухтасар пешниҳод кард. Ҳамзамон, роҳбари намояндагӣ иштирокчиёнро бо ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об, алалхусус Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028” шинос намуд. Қайд гардид, ки имрӯзҳо дар баробари ташаббуси мазкур нисбат ба пешниҳоди дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ҳаматарафа корбарӣ рафта истодааст.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ вобаста ба муҳтавои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, раванди омодагӣ ба конфронс, барнома, консепсия, инчунин дигар паҳлуҳои он аз ҷониби масъулини вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти дахлдори Тоҷикистону Ҳолланд рӯнамо пешниҳод гардид.
Дар доираи 2 панели алоҳидаи чорабинӣ вобаста ба имконияту мушкилиҳои обу иқлим, энергияи сабз ва интизориҳои ҷонибҳо аз конфронси болозикр мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар маҷмӯъ дар чорабинии мазкур зиёда 120 нафар, аз ҷумла кормандони корпуси дипломатии муқими Туркия, масъулини сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва коршиносони соҳаи обу иқлим аз Тоҷкистон, Туркия ва Ҳолланд дар шакли ҳузурию маҷозӣ иштирок намуданд.
Пас аз анҷоми брифинг мусоҳибаи сафир бо Агентии иттилоотии «Анадолу» дар мавзӯи ташаббуси байналмилалии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва корҳои тадорукотии Конфронси оби СММ дар соли 2023 доир шуд.