
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ҷаарён дорад. Маросими ифтитоҳи чорабинӣ 23 ноябр шаҳри Ашқобод сурат гирифт. Дар он Вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелди Шамурадов, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Шарифзода Фаррух, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Туркманистон, аҳли фарҳанги ин кишвар иштирок доштанд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги кишвар.
Зулфия Давлатзода ва Атагелди Шамуратов баромад намуда, аз густариши муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар, бахусус дар самти фарҳанг ёдоварӣ карданд.
Сипас, барномаи рангини консертии ҳунармандони тоҷик ва намоиши филми мустанад дар бораи Тоҷикистон манзури тамошобинон шуд.
Дар идомаи баргузории рӯзҳои фарҳангӣ 24 ноябр дар Осорхонаи ба номи Сафармурод Ниёзов намоиши аксҳо, мусаввараҳо, либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ, таомҳои миллӣ, шириниҳо ва анвои гуногуни нонҳои тоҷикӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Иштирокчиён бо самимияту ихлоси беандоза аз намоиш дидан карда, бо расму ойин ва таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик ошноӣ пайдо намуданд ва таассуроти хубу хотирмон бардошт намуданд.
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон то 26 ноябр идома дошта, дар шаҳрҳои Ашқобод ва Марӣ доир мегардад.