Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия ба муносибати 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор намуд.
Бино ба иттило Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чорабинӣ ҳамватанони муқими Австрия ширкат намуданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия Идибек Қаландар дар бораи аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқароргардии сулҳу субот дар кишвар, дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлолят ва нақши беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯъи давлат суханронӣ намуд.