Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чин Қарордод оид ба сохтмони чаҳор қитъаи шоҳроҳҳо дар вилояти Суғд бо дарозии умумӣ 51,2 км дар доираи лоиҳаи Марҳилаи чоруми Барномаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ба маблағи 56,6 млн доллари ИМА ба имзо расид. Шартномаро вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдори Корпоратсияи China Railway Wuju (Group) ҷаноби Чжан Лян имзо намуданд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати нақлиёти кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, вазири нақлиёт аз Паймонкор даъват ба амал овард, ки корҳои сохтмонӣ тибқи талаботи меъёрҳо бояд босифат ва дар муҳлати муайянгардида анҷом дода шаванд.
Вазир ҳамчунин таъкид кард, ки дар ҷараёни татбиқи лоиҳа Паймонкор бояд кормандони баландихтисоси муҳандисӣ-техникиро ҷалб намуда 90%-и коргарони лоиҳа аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ ба кор гирад.
Лоиҳаи мазкур таҷдиди қитъаҳои роҳи мошингарди Куруш-Бекобод ба дарозии 12,3 километр, Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров ба дарозии 22,0 километр, азнавсозии қитъаҳои роҳи мошингарди Бобоҷон Ғафуров – Ҳистеварз — дарозиаш 6,6 километр ва Конибодом — Кучкак ба дарозии 10,3 километрро дар бар мегирад. Дар доираи ин лоиҳа 11 пули нав бо дарозии умумии 444,2 метр низ сохта мешаванд.