24 ноябр мақомоти Чин аз хуруҷи дигарбора коронавирус хабар дода, гуфтааст дар як рӯз 31 ҳазору 700 мавриди нави гирифториро ба бемории COVID-19 сабт кардаанд. Дар ин бора расонаҳои чинӣ иттилоъ доданд.
Ба навиштаи расонаҳо, ин омори рӯзона рекордӣ ба шумор меравад. Рекорди пешинаи гирифторӣ ба коронавирус дар Чин рӯзи 14-уми апрели соли ҷорӣ сабт шуда буд. Он замон рақамҳо бештар аз 29 ҳазор касро нишон медоданд.
Гуфта мешавад, ки рӯзи 23-юми ноябр дар Чин як нафар аз коронавирус ҷон бохт.
Дар ҳамин ҳол, шумори мубталоёни нав ба коронавирус дар давоми як ҳафтаи охир дар Узбекистон ҳам дубора афзоиш ёфтааст. Ба иттилои Вазорати тандурустии Узбекистон, 24 ноябр гирифтории 98 кас ба коронавирус тасдиқ шуд.
Нурмат Атабеков, муовини сардори Хадамоти беҳдоштӣ, эпидемиологӣ ва саломатии аҳолии Узбекистон дар як нишасти хабарӣ гуфт, шумори гирифторони коронавирус ва онҳое, ки дар ин кишвар дар карантин ҳастанд, дар давоми 7 рӯзи охир ба 2310 кас расидааст.
Ба иттилои манбаъ, шумори умумии гирифторони коронавирус дар Узбекистон то 23 ноябри имсол 245 665 нафарро ташкил медиҳад. Аз оғози пандемия дар баҳори соли 2020 то кунун дар Узбекистон 1637 нафар аз коронавирус ҷон бохтааст.
Бояд гуфт, ки COVID-19 се сол пеш пайдо шуд. Аз оғози он дар саросари дунё 650 миллион кас гирифтор шуда, бештар аз 6,5 миллион нафар ҷон додаанд