Станислав Зас, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар доираи ҷаласаи Шӯрои навбатии сарони кишварҳои узви созмон дар Ереван доир ба мушкилии марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфт.
Зас гуфт, СААД аз зарфияти кофӣ барои ба эътидол овардани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бархӯрдор аст. Вай таъкид намуд, ки вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мавриди таваҷҷуҳи ин созмон қарор дорад.
«Дар минтақаи Осиёи Марказӣ мо ба эътидоли минбаъдаи равобит дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аҳаммияти хоса медиҳем. Мо бовар дорем, ки СААД захираву таҷрибаи зарурӣ барои кӯмак ба ду кишвари мо дар расидан ба ин ҳадафро дорад», — гуфт Зас.
Вай таъкид намуд, ки мусоидати СААД дар сурате таҷриба хоҳад шуд, агар Тоҷикистону Қирғизистон инро зарур донанд.