Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассон мулоқот кард. Ҷонибҳо масоили марбут ба вазъи амниятӣ дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, тарафҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муқовимат бар зидди терроризми байналмилалию ифротгароӣ ибрози назар намуданд.
Ҳамчунин роҷеъ ба робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.