«Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва қадамҳо”- дар робита ба ин мавзӯъ имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалии илмӣ ба кори худ шурӯъ намуд. Чорабинӣ то 30 ноябр идома намуда, дар кори он коршиносону олимони дохиливу хориҷӣ, намояндагони беш аз 20 кишвари ҷаҳон, инчунин олимони барҷастаи умури Афғонистон иштирок доранд.
Бино ба иттилои хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Тахмина Амонова, дар нишаст коршиносон аз Русия, Амрико, Канада, Инглистон, Фаронса, Олмон, Суид, Туркия, Арманистон, Эрон, Покистон, Иттиҳоди Аврупо, Созмони милал ва ғайра ҳузур дорнад.
Чорабиниро Қосимшоҳ Искандар, раиси Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақа ифтитоҳ намуда, конфронсро фарқкукнанда номид. Ӯ иброз дошт, ки ин ҳамоиш метавонад барои ҳал намудани масоили амниятӣ дар Афғонистон, наздик сохтани мавзегириҳои тарафҳо ва пешниҳоди роҳҳои ҳал мусоидат кунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои ба ҳам овардани гуруҳҳо ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани масъалаи амнияти Афғонистон кӯшишҳои зиёде ба харҷ додааст.
Дар идомаи конфронс зикр шуд, ки вазъият дар Афғонистон ҳамеша ба вазъи тамоми кишварҳои Осиёи Миёна таъсиргузор аст, Аз ин рӯ, таъмини субот ва амният дар ин кишвар яке аз роҳҳои ҳал маҳсуб меёбад. Мо нақзи ҳуқуқҳои миллатҳои гуногун ва инчунин занон дар Афғонистонро маҳкум мекунем, ки ин дар гузоришҳои коршиносони созмонҳи бонуфузи байналмилалӣ низ пайваста таъкид мегардад.
Конфронс ҷараён дошта, баргузории он имрӯз аз рӯйи чаҳор ҷаласа сурат мегирад. Дар он дар мавзӯъҳои “Ҳафт хони рустам; давлатсозӣ ва қонунмадорӣ дар Афғонистон, “Сиёҳчолаи геополитикии Афғонистон: иҷмои минтақавӣ, “Занони афғон: хиёнат, апартеид, муқовимат” ва “Даҳшатафканӣ: хушунати муқаддас, абзори давлатҳо” аз ҷониби коршиносон ба риштаи таҳлил кашонида шуданд.
Дар идома бону Шуҳра Вакилӣ оҳанги «Ватан ишқи ту ифтихорам» замзама намуда, аз ҷониби ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ортиқ Қодир бо қироати шеър такмил гардид.