Аҳмади Масъуд, раҳбари ҷабҳаи муқовимати зидди Толибон дар даҳумин нишасти амниятии Ҳирот, ки тӯли ду рӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шашри душанбе ҷараён дорад, иштирок ва суханронӣ намуд.
Бино ба иттилои хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Мирсаиди Хайрулло, зимни баромадаш, Аҳмади масъуд аз анмнияти шаҳрвандони Афғонистон ҳимоят намуда, зикр намуд, ки мардумаш лоқи зиндагии беҳтарин мебошанд.
Аҳмад Масъуд дар идомаи суханрониаш ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, Президенти кишвари моро дар самти қабул кардани гурезагони афғон, садо баланд кардан бар зидди шиканҷаҳои ҷунбиши «Толибон»* ва ба расмият нашинохтани ин гуруҳи террористиро истиқбол карда, таъкид кард, ки таърихи 20 сол пеши Афӯонистон имруз дубора такрор шуда истодааст ва давраи 1 соли ҳукуматдории ин гуруҳи террористӣ нишон дод, ки онҳо тағйир наёфтаанд. Ҳанӯз ҳамон гуруҳи тундраванд.
«Дар айни ҳол, барои наҷоти кишвари Афғонистон аз шароити феълӣ, ҳалли мушкилоти ҷиддии кишвар, ёфтани роҳи ҳалли авзоъ, расидан ба риоияи ҳуқуқи башар ва монанди он бояд интихоботе рохандозӣ шавад. Агар «Толибон»* худро намояндаи халқ медонанд, пас, интихоботро қабул кунанд ва танҳо натиҷаҳои ин райъпурсии мардум муайян хоҳад кард, ки дар раъси ин кишвар киҳо қарор гиранд», — гуфт Аҳмади Масъуд.