«Дар ҳайати Ҷабхаи муқовимати миллии Афғонистон имрӯз бонувони зиёде узванд. Онҳо бо мо ҳамсангаранд ва тамоми ормону накшаҳое, ки мо дорем, бонувон дар онҳо фаъоланд», — гуфт Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи миллии муқовимати Афғонистон имрӯз зимни суҳбати рубару бо намояндагони ВАО ва созмонҳои байналхалқӣ дар шаҳри Душанбе. Дар ин бора Мирсаид Сатториён, мухбири радиои «Овози тоҷик», ки дар ин гуфтугу иштирок дошт, иттилоъ дод.
Ба зикри мухбир, Аҳмад Масъуд зимни посух додан ба саволи хабарнигори рузномаи «8-и субҳ»-и Афғонистон дар мавриди нақши бонувон дар роҳи мубориза ва кӯмакашон ба Чабҳа гуфт, бонувони Афғонистон бо эътирозҳои пайваста ва иштирокашон дар намоишҳои зиддитолибон борҳо таваҷҷӯхи дунёро ба масоили озодии занони ин кишвар ҷалб карданд.
«Ҷабҳа дорои Шурои махсуси бонувон аст ва ҳар тасмиме, ки аз ҷониби роҳбарияти Ҷабха гирифта мешавад, ҳатман ба бонувон низ расонида шуда, мавқеи онҳо дар ростои тасмимҳои мо мушаххас мешаванд. Бонувон имрӯз нисфи танаи ҳам Афғонистон ва хам Ҷабҳа буда, мубориз ва фаъолмандиашон дар роҳи мубориза бо ҳаракати террористии «Толибон»* улгуи мо мардони муборизанд», — гуфт Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон.