Дар Токио густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ баррасӣ шуд. Муҳокимаи ин масъаларо Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ ва намояндагони Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Россия ва давлатҳои нави мустақил (ROTOBO) ба миён гузоштанд.
Бино ба иттилои радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар, ҷонибҳо ҷалби сармояи япониро барои татбиқи лоиҳаҳо ба соҳаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла гидроэнергетика, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ки барои кишвари мо хусусияти афзалиятнок доранд, зарур шумориданд.
Ҳамзамон, дар рафти мулоқот ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни соҳибкорони ду кишвар ҳавасмандии тарафайн изҳор шуд.