
Шаҳри Душанбе давоми 3 рӯз мизбони Форуми минтақавӣ оид ба рушди сайёҳӣ мешавад.
Тавре ки аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири радиои «Овози тоҷик» Мирсаид Сатториён иттилоъ доданд, Форуми минтақавӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ 12 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар он коршиносон ва намояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Узбекистон ширкат мекунанд.
Ташрифи меҳмонон ба Тоҷикистон 10 ноябр сурат гирифта, худи ҳамон рӯз дар ҳошияи Форуми мазкур ҷаласаи Кумитаи муштараки техникии Тоҷикистону Эрон баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар он барои татбиқи ҳамкориҳои дуҷониба санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расанд.
Дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон ба шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода рафта, аз имкониятҳои хизматрасонии осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ”, қалъаи “Ҳисор”, боғи интенсивии “Шар — Шара” ва ангурбоғи хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” дидан менамоянд.
Инчунин, иштирокчиён ба шаҳрҳои Кӯлоб ва Норак ташриф оварда, аз мавзеъҳои сайёҳии ин ду минтақа, аз ҷумла маҷмааи “Қалъаи Ҳулбук”, оромгоҳи “Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ” ва Неругоҳи обии барқии «Норак»-ро тамошо мекунанд.
Ҳамзамон, дар шаҳри Душанбе меҳмонон ба сайри «Кохи Наврӯз», Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва бозори «Меҳргон» мераванд.
Маврид ба зикр аст, ки ташаббускорони он Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир мегардад.