Ба иттилои расонаҳо дар чанд рӯзи охир мақомоти Чин гирифтории рекордиро ба бемории COVID-19 сабт карда истодаанд. Аз ҷумла, рӯзи 24 ноябр онҳо 31 ҳазору 700 мавриди нави гирифториро ба бемории COVID-19 сабт кардаанд, ки ин омори рӯзона рекордӣ ба шумор меравад.
Ин омор мақомоти Чинро бори дигар водор ба он намуд, ки сари тасмими фиристодани аҳолӣ ба карантини навбатӣ тасмим гирад. То ин замон, дар давоми наздик ба 3 сол аҳолии ин кишвар дар карантин буданд.
Ин тасмим дар ҳолест, ки дар шаҳри Урумчи, маркази вилояти мухтори Шинҷон-Уйғури Чин дар охири моҳи ноябр мардум ба намоишҳои эътирозӣ бар зидди карантин шурӯъ карданд. Эътирозҳо дар дигар шаҳрҳои бузурги Чин, аз ҷумла Пекин, Шанхай ва Вухан, ки хуруҷи коронавирус маҳз дар он се сол пеш оғоз шуда буд, шиддат гирифтанд. Дар аввал, эътирозгарон шиорҳои нисбатан безараронаи “Карантинро нест кунед” ва “Мо санҷишҳои PCR намехоҳем, мо озодиро мехоҳем”-ро бо худ гирифта, ба майдонҳо рехтанд.
Дар пайи ин намоишҳои эътирозӣ рӯзи 30 ноябр мақомот дар Чунтсин ва Гуанчжоу маҳдудиятҳоро сабук карда, чанд маҳаллаи шаҳрро аз карантин раҳо карданд. Аммо, бо гузашти 1 рӯз онҳо тасмими дигарбораи эълони карантинро гирифтаанд. Аллакай маҳдудиятҳои сахттарин дар кишвар ҷорӣ карда шудаанд, ки аз ҷумла бидуни сабабҳои узрнок аз хона берун рафтанро дар бар мегирад.
Дар чунин шароит Пекин аз варзишгарон ва рӯзноманигорон хоҳиш доранд, ки ба маусобиқаву қувваозмоӣ ва нишасту конфронсҳо нараванд.
Ёдовар мешавем, ки вабои COVID-19 се сол пеш падид омад. Аз ибтидои вабо дар саросари дунё 650 миллион кас ба он гирифтор шуда, бештар аз 6,5 миллион нафар ҷон додаанд. Дар Чин, ки ин вабо аз он ҷо паҳн шуд, 288,5 миллион кас ба коронавирус гирифтор шуда, бештар аз 5 ҳазор кас фавтид.