Никол Пашинян, сарвазири Арманистон ба далели вазъи ноороми кишвараш дар нишасти сарони давлатҳои узви СҲШ ширкат намекунад. Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати Арманистон иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад, ки Пашинян ба далели вазъи сангини кишвараш дар робита ба нооромӣ дар манотиқи марзӣ бо Озарбойҷон тасмим гирифт дар ин нишаст иштирок накунаду масъалаи марзро ҳал намояд.
Қаблан, сомонаи расмии СҲШ иттилоъ дода буд, ки дар ин нишаст дар баробари сарони 15 кишвар сарвазири Арманистон Никол Пашинян ба ҳайси кишвари узв ва Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба унвони меҳмон ба Ӯзбекистон мераванд. Тасмими Илҳом Алиев ҷиҳати иштирокаш то ҳол мушаххас нест.
Ёдовар мешавем, ки шаби сешанбеи 13 сентябр дар марзи Арманистону Озарбойҷон боз як даргирӣ рух дод. Арманистон ин ҳодисаро таҷовузи Озарбойҷон эълон кард. Боку дар навбати худ ҳодисаи рухдодаро иғвои навбатии Ереван номид.
Ба гуфтаи Никол Пашинян, сарвазири Арманистон, дар натиҷаи задухӯрди шабона 49 низомии арманӣ кушта шуданд, дар ҳоле, ки Озарбойҷон аз марги 50 низомиаш хабар додааст.