
1 декабри соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар кори ҷаласаи 29-умин Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки таҳти раёсати Лаҳистон дар шаҳри Лодз оғоз шудааст, ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Дар суханронии хеш С.Муҳриддин мавқеи Ҳуқумати кишварро нисбат ба масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби се ченаки фаъолияти САҲА – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ ироа намуда, ба зарурати андешидани чораҳои муштарак ҷиҳати таҳкими амният дар паҳнои САҲА таъкид намуд.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон инчунин доир ба чолишҳои умдаи ҷаҳони муосир, аз қабили мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва аслиҳа ва мушкилиҳои марбут ба тағйирёбии иқлим изҳори назар кард.