Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба Сафорати Чин дар Душанбе ташриф оварда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китоби хотира, бинобар даргузашти собиқ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзян Тсземин, сабт гузошт. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки собиқ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзян Тсземин 30 ноябр даргузашт. Дар ин росто, 30 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуда буданд.