Аз 5 то 10 декабр ҳунармандони Сирки «Чанор»-и Узбекистон дар шаҳри Бохтар барномаи ҳунарии ройгон пешниҳод менамоянд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Ҳунармандони Сирки Узбекистон барномаи ҳунарии хешро дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ ба таври ройгон пешниҳоди тамошобинон мегардонанд.
Инчунин то оғози соли 2023 бо мақсади рушд бахшидани ҳамкории фарҳангии ду мамлакат барои як сол миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Сирки Ҷумҳурии Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Мутобиқи он, намояндагони сирки мазкур давоми як сол дар ҳудуди Тоҷикистон барномаи худро намоиш хоҳанд дод.