Гурӯҳи террористии ДОИШ* дар баёнияе масъулияти ҳамлаи охир ба сафорати Покистон дар Кобулро бар уҳда гирифт, — иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Ин ҳамла дар ҳоле рух дод, ки давлат Покистон гуфта буд ҳадафи ҳамлагарон Обидулраҳмони Низомонӣ, сафири ин кишвар дар Кобул буд. Ин кишвар бо маҳкум кардани ин ҳамла онро талоше барои террор хонд.
Дар ҳамлаи мусаллаҳ ба Сафорати Покистон дар Кобул як муҳофиз захмӣ шудааст.