Имрӯз, 6 декабр дар шаҳри Душанбе ҷамъомади иқтисодӣ дар мавзӯи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло, сардорони сарраёсатҳои вазорат, намояндагон ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамоиш иштирокчиён Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр шуд, ки ҳаҷми маблағгузрории стратегияи мазкур 21,6 млрд. сомониро пешбинӣ шудааст, ки дастгирии сармоягузории институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд нақши калидӣ дорад.
Вобаста ба ин аз шарикони рушд даъват ба амал оварда шуд, ки барои татбиқи саривақтӣ ва сифатноки Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ҳамчунин дар бахшҳои алоҳидаи чорабинии мазкур аз ҷониби сардорони сарраёсатҳои вазорат, Аҳадзода Баҳодур ва Манучеҳра Мадҷон вобаста ба масъалаҳои иқтисоди сабз ва мониторингу арзёбии хуҷҷатҳои стратегии кишвар рӯнамоҳо пешниҳод карда шуданд.