6 декабр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Вазири муҳити зисти ин кишвар Ясмин Фуод мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишварро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, пешгирӣ аз гармшавии иқлим, андешидани тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангӣ дар доираи шарокати обу иқлим баррасӣ намуданд.