Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми декабр бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон меравад. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба хабаргузории “Islamabad POST” иттилоъ медиҳад.
Ба зикри ин хабаргузорӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари серӯзаи корӣ ва даъвати сарвазири ин кишвар Шеҳбоз Шариф вориди Покистон мешавад.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин сафар ҷонибҳо ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба як қатор ёддоштҳои тафоҳум ва санадҳои нави ҳамкориро ба имзо расонанд.
Ба зикри манбаъ, барои омодагиҳо гурӯҳи пешакии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим аллакай дар Покистон қарор доранд. Дар ин ҳайат кормандони вазорату идораҳо ва собиқ Сафири Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов низ ҳузур доранд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Покистон муносибатҳои хуби бародарӣ доранд. Ҳарду кишвар як қисми лоиҳаи муҳими энергетикии CASA 1000 мебошанд. Ин тарҳ нерӯи барқро аз Тоҷикистон ба Покистон тавассути Афғонистон интиқол медиҳад. Пас аз анҷоми ин лоиҳа мардуми Покистон соҳиби нерӯи арзон хоҳанд шуд.
Дар доираи ин сафар ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи азсаргирии иртиботи ҳавоӣ миёни ду кишварро баррасӣ мекунанд ва баъди имзои ёддошти тафоҳум ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба зудӣ аз Душанбе ба Лоҳур парвоз хоҳад кард.Манбаъ навиштааст, ки дар ин сафар асосан рушди муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ иҷтимоӣ энергетикӣ ва дигар самтҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ мешаванд.