
Дар Душанбе Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» доир мегардад.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоишгоҳ аз 14 то 16 декабри соли 2022 сурат гирифта, дар он ноширони муваффақи ватаниву хориҷӣ китобҳои тозанашри хешро пешниҳоди дӯстдорону муштоқон ва аҳли фарҳангу маънӣ мегардонанд.
Макони баргузории чорабинии мазкур Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад. Багузории Намоишгоҳ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон анҷом мешавад.