12 декабр муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ бо роҳбари Ассотсиатсияи миллии бинокорон (НОСТРОЙ)-Федератсияи Россия Антон Глушков созишнома ба имзо расониданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории шарикӣ барқарор намуда, муносибатҳои дарозмуддатро барои баланд бардоштани афзалияти захираҳои меҳнатӣ ба роҳ монанд. Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Тоҷикистон хабар дод.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии бинокорон ният доранд, ки дар самти боло бурдани тахассуси шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар соҳаи сохтмон дар Россия кор мекунанд, системаи махсус таъсис диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омода намудани мутахассисони баландпоя аз рӯи ихтисосҳои корӣ ва арзёбии тахассуси шахсони дорои малакаҳои касбии дахлдор, ки дар бозори меҳнати Тоҷикистон ва Россия талабот доранд, манфиатдор аст.