Имрӯз раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ дар нишасти ҷамъбастии Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон иштирок ва суханронӣ кард.
Муколамаи мазкур бо иштироки намояндагони Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардида, масъалаҳои «Сиёсати гендерӣ», «Занон, сулҳ, амният ва масоили марбут ба таъсири тағйирёбии иқлим ва вазъи занон дар Осиёи Марказӣ», «Соҳибкории занон», «Пешгирии зӯроварӣ нисбати занону духтарон», «Занон ва об», «Таъсири тағйирёбии иқлим ба табақаи осебпазир», «Занон ва духтарон дар илм», «Рушди ҳунарҳои мардумӣ» ва дигар масоили марбут ба занону духтаронро мавриди баррасӣ қарор дод.