Имрӯз қазоқистониён яке аз идҳои асосӣ – Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистонро тибқи Қонуни ҶҚ «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон» таҷлил менамоянд. Соли 1991 маҳз 16 декабр Шӯрои Олӣ Қонун «Дар бораи истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат»-ро қабул намуд, хабар медиҳад АБИ «Казинформ».
Чун анъана дар Рӯзи истиқлолият дар саросари кишвар чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардида, иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода мешаванд. Президент Қосим-Жомарт Токаев дар арафаи ҷашн дар маросими ботантанаи анъанавӣ як зумра шаҳрвандони мамлакатро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз мегардонад. Таҷлили Рӯзи истиқлолият на танҳо ба қабули санад оид ба истиқлолият, балки ба хотираи онҳое, ки дар давраҳои гуногуни рушди кишвар барои ҳифзи ҳувияти миллии халқи қазоқ заҳмат кашида, ҷони худро дар мубориза барои истиқлолияти он нисор кардаанд, бахшида мешавад.
Дар шароити муосир ба роҳ мондани ҳамкории ҳамаҷониба бо давлатҳои ҳамсояи минтақа яке аз вазифаҳои муайянкунандаи ноил шудан ба ҳадафҳои пешбининамудаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба қатори чунин шарикони стратегии ояндадор, албатта, дар айни замон Ҷумҳурии Қазоқистонро низ шомил кардан зарур аст, ки дар сиёсати байналмилалӣ мавқеи хоссаро ишғол мекунад ва имрӯз дар рушди сиёсиву иқтисодии худ ба комёбиҳои бузург ноил гардидааст/
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор шудаанд. Аз ҳамон лаҳза муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра муваффақона инкишоф меёбанд. Ба онҳо мавҷудияти доимии рӯҳияи боварӣ ба ҳамдигар, мувофиқати пурра ё наздикии мавқеъҳо аз рӯи бисьёр масоили муҳими байналмилалӣ ва минтақавие, ки ба манфиати ҳарду ҷонибанд, хос аст.
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев мардуми Қазоқистонро бо 31-умин солгарди истиқлолияти кишвар табрик гуфт. «Истиқлолият- ин сарвати олист, ҳамаи мо вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Ҳимояи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар- вазифаи муқаддаси мост», — гуфт президент.