Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон муовини собиқи шаҳрдори Бишкек ва раиси пешини ширкати «Бишкексвет»-ро боздошт кардааст.
Дар иттилоияи расмии кумита омадааст, ки «дар “Бишкексвет” аз соли 2019 то соли 2021 “ба таври мунтазам азхудкунии ғайриқонунӣ ва тасарруфи пули буҷа” роҳандозӣ карда шудааст». Ҳамчунин дар ин корхона хароҷоти таъмирро «бо роҳи сунъӣ» зиёд нишон додаанд.
Хадамоти матбуотии кумита ному насаби боздоштшударо пурра зикр накарда, танҳо аз ӯ шартан А.А.А. ном бурдааст.
Корхонаи давлатии «Бишкексвет»-ро солҳои 2019-2020 Абдилдаев Алимбек Анарбекович раҳбарӣ карда, ӯ муовини шаҳрдори пойтахти Қирғизистон ҳам буд.