Пирях тӯдаи яхҳои табиии рӯйи Замин аст, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз аз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунанд. Пиряхҳо яке аз бойгариҳои беҳамто ва манбаи оби ширини Тоҷикистон аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 8 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки 19-тои он хеле бузурганд. Маҳз онҳо манбаи аслии оби дарёҳо ба шумор мераванд. Оби тозае, ки аз ин пиряхҳо ҷорӣ мешавад, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хеле зарур ҳастанд.
Давоми даҳсолаҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим баъзе пиряхҳои калон хурд шудаанд. Ба таъкиди донишмандон, раванди обшавии пиряхҳо амали табиӣ мебошад, аммо давраи саноатишавӣ ин равандро суръат мебахшад.
Тоҷикистон аз рӯи шумораи пиряхҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ пешсаф аст. Ҳарчанд пиряхҳо ҳамагӣ 6-8 дарсади қаламрави кишварро ташкил диҳанд ҳам (8476,2 метри мурабаъ), садҳо километри мукааб оби тозаро захира мекунанд. Қисми асосии пиряхҳо дар ҳудуди баландтарин қуллаҳои ҷумҳурӣ – Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҷойгиранд.
Тибқи маълумоти мавҷуда дар марзи Тоҷикистон 8492 адад пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки майдони умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб 6 % масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегирад. Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 м ҷой гирифтаанд. Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд, ки дар давоми 12 сол аз тамоми дарёҳои Осиёи Миёна ҷорӣ мегардад, баробар аст.
Ба зикри Номвар Қурбонов, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон рӯдхонаҳои Амударё ва Зарафшонро, ки оби онҳо ба кишварҳои поёноб – Узбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон ҷорӣ мешавад, бо оби тоза таъмин мекунанд. Аз ҳамин хотир аст, ки мегӯянд, қисмати асосии оби минтақа дар Тоҷикистон ташаккул меёбад.
Бояд гуфт, ки бузургтарин пиряхҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷойгиранд. Тибқи иттилои Номвар Қурбонов баландии пиряхҳое, ки аз нишебиҳои қуллаи Сомонӣ сарчашма мегиранд ба 7400 метр аз сатҳи баҳр мерасанд. Пиряхҳои калонтарини Тоҷикистон дар ҷойи пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо, Дарвоз, Пётри 1 ва Ванҷу Язғулом ҷойгиранд. Бузургтарин пиряхи Осиёи Марказӣ — Федченко аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ 18 намуди пирях мавҷуд аст, ки қисми асосии онҳо ба шарқи кишвар рост меояд.
Ба таъкиди Номвар Қурбонов, зиёда аз 30 сол мешавад, ки пиряхҳои Тоҷикистон дар марҳилаи таназзул қарор доранд. Аммо дар ин маврид бонги хатар задан лозим нест, зеро пиряхҳо об мешаванд ва ин як раванди муқаррарии табиӣ мебошад. Онҳо пеш аз мо ҳам об мешуданд ва баъд аз мо ҳам об хоҳанд шуд, баъзан баръакс – бештар захира мешаванд. Ин ҳолат дар тӯли асрҳо рӯй медиҳад. Барои пешгирии ин раванд коре кардан қариб ғайриимкон аст – иқлим зери таъсири омилҳои гуногун тағйир меёбад ва инро пешгирӣ кардан номумкин аст. Танҳо бояд пиряхҳоро назора кард. Таърих аллакай шоҳиди яхбандии глобалӣ шудааст, вақте нисфи Аврупо зери ях буд, аммо баъдан ин пиряхҳо ба обшавӣ шурӯъ карданд.
Дар ҳамин ҳол, Алиназар Ашӯров, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои намуна аз калонтарин пирях дар Осиёи Марказӣ – Федченко мисол овард, ки дар Помир ҷойгир аст ва замоне се маротиба бузургтар буд ва дарозии он то Лахш (ноҳияи наздимарзии Тоҷикистон бо Қирғизистон) мерасид. Баъдан раванди обшавии он сар шуд ва ҳоло дарозиаш ба 70 км мерасад, баъди даҳсолаҳо бошад, 2 километри дигар кам мешавад.
Ба гуфтаи Алиназар Ашӯров, нақши асосии гидрологии пиряхҳо ташаккул додани маҷрои дарёҳои бузурги кишвар мебошад. Ҳарчанд ҳиссаи оби пиряхҳо дар маҷрои солонаи дарёҳои бузург ба ҳисоби миёна чандон бузург нест ва 10-20 дарсад (бе дарназардошти ҷараёни обшавии барфи мавсимӣ дар пиряхҳо)-ро ташкил медиҳад, аммо нақши пиряхҳо дар ин раванд ниҳоят муҳим мебошад.
Ба таъкиди Алиназар Ашӯров, пиряхҳо моро бо об таъмин мекунанд ва ин сарвати асосӣ мебошад. Гузашта аз ин, ин чиз маҳз дар моҳҳое анҷом мешавад, ки кишвар ба об хеле ниёз дорад, яъне дар мавсими тобистону тирамоҳ. Вақте дар куҳҳо майдонҳои пурбарф аллакай об мешаванд, навбати пиряхҳо мешавад – онҳо дар ҳаҷми кофӣ ба водиҳо об медиҳанд. 80 дарсади обе, ки аз пиряхҳои Тоҷикистон ҷорӣ мешавад, тавассути дарёҳои Зарафшон, Амударё ва Сирдарё ба кишварҳои ҳамсоя меравад” ,- гуфт вай.
Алиназар Ашӯров аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар шакли видеоконференсия баргузор гардид, ёдовар шуда, зикр кард, ки Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд. Ин коршиноси тоҷик таъкид гардид, ки мутаассифона, имрӯз мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд ва пазируфтани ташаббуси навбатии Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ яке аз роҳҳалҳои асосӣ ва василаҳои пешгирии обшавии пиряхҳо мусоидат мекунад.
Воқеан, ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар шароити имрӯз маҳз мавқеъгирии маҷмӯӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди «сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад.
Ҳамин тавр, 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
— Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
— Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
— Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
— Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.
Қатъномаи номбурда аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор қайд намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси қоҳиши густурдаи криосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкуҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.