Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Владимир Норов ба вазифаи вазири корҳои хориҷӣ маъқул дониста шуд. Дар ин бора, маҷлиси навбатии Палатаи қонунбарори Олий Маҷлис қарор қабул кардааст.
Ба иттилои рӯзномаи “Овози Самарқанд” дирӯз дар ҷаласа вакилон номзадии Владимир Норовро ба мақоми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро баррасӣ ва тасдиқ кардаанд.
Владимир Норов зодаи шаҳри Бухоро буда, аз соли 2006 то 2010 дар ин мақом кор кардааст. Қабл аз ин, ӯ дар бисёре аз мансабҳои роҳбарикунанда буд. Аз ҷумла, ӯ ҳамчун муовин ва муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон, мушовири давлатии Президент оид ба масъалаҳои муносибатҳои байнидавлатӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, сафир дар Олмон, Швейтсария, Полша, Белгия, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО, Бенилюкс, Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай, директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҷонишини якуми котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Узбекистон фаъолият дошт.
Аз 1 январи соли 2022 то 27 апрели соли 2022 муовин ва сипас, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон буд. Аз 27 апрели соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин шуд.