Соли 2022 барои мардуми Тоҷикистон воқеан ҳам соли пур аз дастовардҳо, комёбиҳо маҳсуб меёбад, зеро дар ин соли муборак халқи тоҷик ду ҷашни бисёр муҳимро – 25 – солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30 – солагии Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои назаррас дар фазои сулҳу субот ва оромии ҷумҳурӣ таҷлил намуданд.
Соли 2022, ки оғози марҳилаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад, бо эълон гардидани солҳои 2022-2025 “Солҳои рушди саноат дар кишвар” дар ҳама соҳаҳи ҳаёти ҷамъиятӣ дастовардҳои назаррас рӯи кор омаданд. Бо бунёд гардидани корхонаҳои муҳими саноатӣ шароити нави ҷойҳои корӣ муҳаё гардид, то ҷавонони мо тавонанд соҳиби ҷойҳои кори доимӣ гарданд.
Бо назардошти он ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки татбиқкунандаи сиёсати давлати ҷавонон ва варзиш дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ҳанӯз аз оғози соли 2022 тавонист, ки нақша-чорабиниҳои муштаракро бо мақомотҳои дахлдор ба имзо расонанд ва баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ дар замири ҷавонон ва фаъолнокии онҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа тадбирҳои муҳимро рӯи даст гирад, — зикр намуд Дилошӯб Розиқзода, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба зикри Дилошӯб Розиқзода, дар баробари ин дастовардҳо дар самти кор бо ҷавонон дар соли 2022 дастовардҳои муҳими дигар ба назар мерасанд. «Аз ҷумла, теъдоди зиёди ҷавонони мо дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман”, “Илм — фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фаъолона иштирок намуда, инчунин дар чандин мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд, — зикр намуд номбурда дар идома.
Соли сипаришаванда барои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як соли пур аз комёбиву дастовардҳо маҳсуб меёбад. Варзишгарони ҷумҳурӣ имрӯз баҳри ғолиб шудан дар бозиҳои олимпии Париж – 2024 тайёрии ҷиддие дида истодаанд ва аллакай дар самти роҳхат гирифтан ба ин мусибиқаи сатҳи баланди байналмилалӣ омодагиҳо дида шуда истодааст.
Ба зикри ин масъул, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, федеретсияиҳои варзишӣ аллакай нақша-чорабиниҳои мукаммалро ба тасвиб расонидааст ва ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани касбияти варзишгарони кишвар ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби варзишгарон талошу ташаббусҳои созандаи худро ба роҳ мондааст.
Дилнозаи АБДУМАЛИК,
«Овози тоҷик»