Чун дигар вазорату идораҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе низ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат аҳли раёсату кормандон дастаҷамъона тамошо доранд. Дар ин бора Ҷамилаи Мақсуд, сухангӯи ин ниҳод ба радиои «Овози тоҷик» хабар дод.
Бино ба иттилои сухангӯ, сар аз субҳи содиқ кормандон бо руҳияи болидаву табъи идона ба кор омада, айни ҳол дар толори маҷлисгоҳи Фурудгоҳ Паёми Пешвои миллатро ба Парлумон тамошо карда истодаанд.
«Баъди тамошои Паём кормандон минбаъд тамоми дастуру супоришҳои дар ин суханронӣ ироашударо сармашқи кори худ дониста, кӯшиш мекунанд давоми соли оянда нишондиҳандаҳои баландатрро ба даст оранд», — гуфт Ҷамилаи Мақсуд, зимни суҳбат бо радиои «Овози тоҷик»
Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини рушди иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳиро муайян карда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас мегузоранд.
Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии давлатии Тоҷикистон мустақиман пахш гардида истодааст.