Имрӯз Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Беларус Филимонова Татяна, ки бо сафари корӣ ба кишвари мо ташриф овадааст, мулоқот намуд.
Дар доираи мулоқот оид ба густариш ва таҳкими бештари ҳамкорӣ дар фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҳарду кишвар, таҳкими ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва зеҳнии аъзоёни иттифоқҳои касаба, кормандон ва аъзои оилаи онҳо ибрози назар карда шуд. Маликшо Неъматзода роҷеъ ба фаъолияти кунунии ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва вазифаю пешомадҳои ташкилот дар оянда ба таври фишурда нақл намуд. Тарафҳо ҳавасмандии хешро оид ба густариш ва таҳкими бештари ҳамкорӣ иброз намуданд.
Дар мулоқот намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуд.