
Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон аввали моҳи январи соли 2023 барои тамрин ба шаҳри Венаи Австрия сафар мекунад. Дар ин бора Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, барои тамринҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон президенти Федератсияи дзюдо барои соли 2023 ва солҳои оянда мураббиёни ботаҷрибаи ҷопониро ҷалб кардааст, то дзюдочёни мамлакат дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ нишондиҳандаҳои хуб ба даст оварда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии 2024 холҳои зарурӣ ҷамъ оваранд.
Ҳамзамон барои таъмини тиббӣ-биологии раванди тайёрии варзишгарони дастаи мунтахаб мутахассисони тиббии варзиш ҷалб карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар пойтахти Тоҷикистон соли оянда бори аввал дар таърих мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ Гран-при оид ба дзюдо, ки дар он қариб 300 нафар варзишгарон аз зиёда аз 30 кишвар барои дарёфти имтиёзҳои олимпӣ мубориза мебаранд, баргузор мегардад.
Мусобиқа 2 июни соли 2023 ба нақша гирифта шуда, ду рӯз идома меёбад. Мусобиқа «Grand Prix Dushanbe-2023» ном гирифтааст.