Хонуми аввали Амрико Ҷил Байден ба хабарнигорон ошкор кард, ки шавҳараш дар рӯзи Соли Нав барояш шеър туҳфа мекунад.
«Ҳар сол Ҷо ба ман шеър туҳфа мекунад. Вале, танҳо шеър не. Ӯ аввал як дафтарчаи зебои ёддоштнависӣ мехарад ва баъд дар дохили ду саҳифаи байни он шеър навишта, онро ба коғази махсус печонида, ба ман туҳфа мекунад”, -гуфт Ҷилл Байден.
Суханони ҳамсарашро сарвари Амрико низ зимни як мусоҳибаи дигар тасдиқ кард ва гуфт аз сабабе, ки ҳамсараш аз рӯзҳои аввали хонадорӣ шеърдӯст асту ба адабиёт таваҷҷуҳ дорад, барояш шеър туҳфа мекунад.
Вақте мухбир аз ӯ пурсид, ки оё президент худро шоир меномад, ӯ “не” гуфт ва таъкид кард, ки танҳо ба хотири ҳамсараш шеър менависад ва онро шоирон шеър меҳисобанд ё не, кори онҳост.