Имрӯз, 27 декабр дар шаҳри Душанбе Форуми сайёҳиву тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардид. Дар кори он роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, роҳбарони ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳову табобатгоҳҳо ва намояндагони Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангиву ширкатҳои сайёҳии Узбекистон иштирок намуданд.
Тавре ки хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Малвина Хушқадамова хабар медиҳад, дар чорабинӣ имкониятҳои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва муносибатҳои бисёрҷониба, ҷустуҷӯи роҳҳои нави тавсеаи робитаҳо ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо оид ба зарфиятҳои сайёҳии ҳар ду кишвар маълумот дода, зикр намуданд, ки истифодаи таҷриба ва донишҳои пешқадам дар соҳаи сайёҳии Узбекистон ва Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи ҳамкории башардӯстона ҷиҳати таҳкими робитаҳои сайёҳиву фарҳангӣ мусоидат менамояд.
“Ҳоло ҳамкориҳо байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Узбекистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ шуда истодаанд”,- гуфта шуд дар конфронс.
Дар идомаи чорабинӣ бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар миёни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва узбекистонӣ силсилаи созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Интизор меравад, ки дар доираи форум барои меҳмонон- намояндагони ширкатҳои сайёҳии Узбекистон инфо –тур ба мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии кишвар карда шавад.