Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев мулоқот намуд, ки дар он ҷонибҳо вобаста ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф ва илм ва рушди минбаъдаи он мубодилаи афкор намуданд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот таъкид шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар асоси Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм, технология, маориф, тандурустӣ, иттилоот, варзиш ва саёҳӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати татбиқи бандҳои он ҳамасола корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.
«Маҳз ҳамкориҳои судманд аст, ки айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федеретсияи Россия беш аз 30 ҳазор донишҷӯ таҳсил намуда, ҳамзамон, филиали 5 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодаанд. Дар баробари ин, ҳамасола як қатор таҳқиқотҳои муштараки илмӣ миёни омӯзгорону олимони муассисаҳои таҳсилотии олии касбии ду кишвар анҷом дода мешаванд, ки ин аз рушди минбаъдаи ҳамкориҳо шаҳодат медиҳад»,- зикр гардид дар арфти мулоқот.
Дар идома ҷонибҳо дар самти эътирофи дуҷонибаи дараҷа ва унвонҳои илмӣ, қабули муштараки довталабони бурсияҳои таҳсилии Федератсияи Россия, ки ҳамасола барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегарданд, табодули андеша намуданд.