Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода донишҷӯёне, ки дар олимпиадаи байналмилалии забони англисӣ дар мавзӯи «Мо фарҳанг эҷод мекунем ё фарҳанг моро эҷод мекунад (We create culture or culture creates us)» сазовори мақом шуда буданд, қардонӣ гардиданд. Дар ин бора Доро Суҳробӣ, сухангӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба Мирсаид Сатториён, мухбири радиои “Овози тоҷик” иттилоъ дод.
Ба зикри Доро Суҳробӣ, дар ин олимпида кишвари моро ҳайати дастаи донишкадаи мазкур намояндагӣ намуд, ки ба он донишҷӯи соли 4-уми факултаи забони англисӣ Саноат Сафарова, донишҷӯи соли 3-юми ҳамин факулта Саноат Додобоева ва донишҷӯи соли 4-уми факултаи забонҳои Осиё Париюн Ҳамидзода шомил буданд.
Тавре ки сухангӯи Донишкада хабар дод, ин олимпиада 1 декабри соли 2022 дар Федератсияи Россия тариқи онлайн доир шуд. Натиҷаи озмун саннаи 10-уми декабр маълум шуд ва ҳамин тавр донишҷӯёни болозикр дар ин озмун сазовори ҷойи сеюм шуданд.