Хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «TEENEAGLE» сазовори медали нуқра гардид. Асророва Шукрона хонандаи синфи 9 МТУҒ (хусусии) «Гимназияи ба номи Ё.В. Гёте»-и шаҳри Хуҷанд буда, дар олимпиада аз фанни забони англисӣ иштирок намуд.
Тавре ки Фирӯза Каримова, директори Гимназияи ба номи Ё.В. Гёте-и шаҳри Хуҷанд ба хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Абдуфаттоҳи Абдурауф хабар дод, дар ин олимпиада Асророва Шукрона маҳорати хуби забондонии худро нишон дода, медал ва Дипломи дараҷаи дуюм соҳиб шуд.
Ӯ дар даври ниҳоии олимпиада бо хохиши худ метавонад ҷойи баргузориро аз миёни се давлати дунё: Малайзия, Англия ва Италия интихоб намуда, дар он иштирок хоҳад кард.