Вазъи имрӯза ва дурнамои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30-юмин маъаракаи анъанавии Иттиҳодияҳои хурду миёна ва иқтисодӣ (MIT), ки дар шаҳри Айхсфелди музофоти федеролии Тюрингияи Шимолӣ баргузор гардид, муаррифӣ шуд.
Бино ба иттилои Сафортаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, дар ин нишаст сиёсатмадорон, вакилони парлумон, доираҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, соҳибкорон, роҳбарияту аъзои Иттиҳодияҳои хурду миёна ва иқтисодӣ (MIT), намояндагони ширкатҳои олмонӣ ва хабарнигорон иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар он сафир Имомуддин Сатторов намояндагӣ намуд.
Сафири Тоҷикистон зимни суханронӣ ба ҳозирин дар бораи вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар, чораҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати беҳтарсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, саноат, канданиҳои фоиданок ва кишоварзӣ маълумоти муфассал дод.
Имомудин Сатторов бо назардошти зарфиятҳои мавҷудаи иқтисодиву сармоягузории кишвар, роҳандозии ҳамкориҳои минбаъдаро бо доираи мухталифи музофоти Тюрингияи Шимолӣ мувофиқи мақсад донист.
Дар идома ҷамъомадагон бо имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳанги пурғановати мардуми тоҷик шинос гардида, ба онҳо филми таблиғотӣ дар бораи Тоҷикистон пешкаш карда шуд.