
Имрӯз, 4 январ муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Қурбонзода Рухшона бо директори маркази «Азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ»-и Донишкадаи химия ва технологияи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзакулов Холтура Чориевич мулоқот намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба ДДОТ ба номи Садриддини Айнӣ хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои грантӣ, сафарбаршавии мутахассисон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва илмӣ, мубодилаи мутақобилаи донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантҳо баррасӣ намуданд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ барои амиқтар кардани донишҳои назариявӣ ва амалӣ тарафҳо барои ташкили курсҳои омӯзишӣ, конференсияҳои муштарак, семинарҳо, симпозиумҳо, намоишҳо ва дигар шаклҳои ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.
Инчунин, дар ҷараёни мулоқот намояндагони ҳарду донишгоҳ масоили бастани шартномаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.